Вазорати маорифи ҷУМҲурии тоҷикистон донишгоҳи давлатии ҳУҚУҚ, бизнес ва сиёсати тоҷикистон факултети инноватсия ва телекоммуникатсия кафедраи


Мултимедиа дар соњањои гуногун, ба монанди реклама, санъат, таълим, њавасмандгардонї, тиб, техника, математика, физика, бизнес, тадќиќотњои илмї татбиќи васеъ дорад



страница4/7
Дата06.06.2016
Размер0.94 Mb.
1   2   3   4   5   6   7

Мултимедиа дар соњањои гуногун, ба монанди реклама, санъат, таълим, њавасмандгардонї, тиб, техника, математика, физика, бизнес, тадќиќотњои илмї татбиќи васеъ дорад.

Технологияи мултимедиа (лот. multi – бисёр, media – муњит) – тарзи пешнињоди иттилоот дар компютер бо имконияти дар як ваќт истифодабарии матн, графика, овоз, видео ва эффектњои аниматсионї ба њисоб меравад.


Презентацияи компютерї (англ. presentation – пешнињод) – ин њуљљати электронї дар намуди маљмўи ботартиб ва алоќаманди кадрњои алоњида (слайдњо) мебошад, ки дар технологияи мултимедиа иљро карда шудаанд.

Презентатсияњои компютерї дар майдони амалиёти њозиразамони иттилоотии инсон васеъ пањн гаштаанд: ин њам муњити реклама дар бизнес (гузаронидани аксияњои рекламавї ва намоишгоњ) ва њам муњити идоракунии маъмурї (гузаронидани маљлисњо ва конфронсњо) ва инчунин муњити таълим (слайд - филмњои таълимї) мебошанд.

Барои сохтан ва намоиш додани презентатсияњо њоло аз њама воситањои пањнгаштатарини барномавї ба њисоб мераванд: Macromedia Director, Macromedia Flash , Adobe Captivate, Photodex ProShow, ProShow Producer, барномањои таркиби пакети MS Office - PowerPoint ва пакети OpenOffice.org - Impress.

Корњои амалии мо иљроиши онњоро дар Flash-технология, аз он љумла Macromedia Flash пешбинї менамояд. Интерфейси барномаи мазкур дар расми зерин дода шудааст:


Macromedia Flash – барномае мебошад, ки барои сохтани презентатсияњои мултимедиавии интерактивии диќќатљалбкунанда ё ки WЕB-сайтњо истифода бурда мешавад.

Macromedia Flash имконияти сохтани аниматсияи гуногун, намудњои гуногуни презентатсияњо(видео, бозињо ё ки филмњои тасвирї) ва ѓ. дорад.





Технологияи мултимедиавї раванди таълимро бой месозад, таълимро самаранок мегардонад.

Имрўзњо технологияи мултимедиа — ин яке аз самтњои пешрафти информатикунонии раванди таълим мебошад. Барои ташаккул додани таъминоти барномавї ва методї, базаи моддї, инчунин баланд бардоштани дараљаи ихтисоси устодон пешрафти бомувафаќќияти татбиќи технологияњои иттилоотии њозиразамон дар маориф дида мешавад.

Мултимедиа ва гипермедиа-технологияњо боигарињои таълимии тавоноро дар худ љамъ меоварад, онњо метавонанд муњити ташаккулро таъмин созанд, онњо пеш аз њама ба технологияњои иттилоотї ва коммуникатсионї тааллуќ доранд. Технологияи мултимедиа ва телекоммуникатсия муносибати нави методиро дар системаи умумии таълим боз мекушояд. Технологияњои интерактивї дар асоси мултимедиа имконияти њалли масъалаи мањаллии мактабњои дењаро дар асоси базаи Интернет-коммуникатсияњо ва њам аз њисоби СD - курсњои интерактивї ва истифодабарии Интернети радифї дорад.

Мултимедиа - ин таъсири байнињамдигарии эффектњои визуалї ва аудио дар асоси идоракунии таъминоти барномавии интерактивї бо истифодабарии воситањои њозиразамони техникї ва барномавї ба њисоб меравад. Онњо матн, овоз, графика, фото, видеоро дар як пешнињоди сифрї муттањид месозад.

Гипермедиа – ин файлњои компютерї мебошад, ки тавассути њаволањои гиперматнї барои љойивазкунонии объектњои мултимедиавї хизмат мекунанд.

Татбиќи технологияњои мултимедиа дар раванди таълим чунин љињатњои арзанда дорад:


  • истифодабарии графикаи ранга, аниматсия, овоз, гиперматн роњ дода мешавад;

  • имконияти азнавсозии доимиро роњ медињад;

  • сарфи на он ќадар калонро барои чопкунї ва зиёдкунї дорад;

  • имконияти дар он љойгиркунии веб-элементњои интерактивиро дорад, масалан, тестњо ё ки дафтари корї;

  • имконияти нусхагирї ва гузаронидани ќисмњо барои иќтибосоварї;

  • имконияти ѓайрихаттигии гузариши мавод ба туфайли гиперњаволањои зиёд;

  • гипералоќаро бо адабиёти иловагї дар китобхонањои электронї ё ки сайтњои таълимї имкон медињад;

Истифодабарии технологияњои мултимедиавї раванди таълимро боз њам натиљанок мегардонад. Муваффаќияти асосї дар он аст, ки шавќу њаваси хонандагон, тайёрии онњо ба эљодиёт, талабот барои њосил намудани донишњои нав ва эњсоси мустаќилї дар онњо баланд бардошта мешавад.

Таљрибаи истифодабарии технологияњои мултимедиавї нишон медињад:



  • Шавќу њаваси хонандагон нисбат ба дарс ва фаъолнокии онњо тез меафзояд;

  • Услуби фикрронии алгоритмї, ќабул карда тавонистани њалли масъалањои оптималї ташаккул меёбад



2. Вазифаи мањсулоти мултимедиа ва соњаи татбиќи он
Пайдоиши системањои мултимедиа таѓироти калонро дар чунин соњањо, ба монанди таълим, илм, санъат, тренингњои компютерї, дар бисёр соњањои профессионалии амалиёт, ки асоси дилхоњ реклама ба њисоб мераванд, ба миён овард.
Функсияњои асосии татбиќи мањсулоти мултимедиа, ки бо технологияњои мултимедиа сохта шудаанд, ба њисоб мераванд: маркетингї, таълимї, илмї-тадќиќотї, њавасмандгардонї.

Функсияи маркетингї

Мултимедиа-презентатсия – ин на танњо ролики зебо, иттилоотї ва самаранок аст. Ин пеш аз њама инструменти маркетинги амалкунанда, ки як ќатор масъалањоро иљро менамояд, ба монанди ба расмият даровардани рекламањои ширкат ва аксияњо барои фурўши мањсулот; хабардоркунии аудитория (истеъмолкунандагон, инвесторњо) оид ба мол, хизматрасонї ва навигарињо; дастгирии обрўи ширкат тавассути пањнкунии барандањои мултимедиа дар байни мизољон ё ки шарикон ба њисоб мераваод. Истифодабарии мањсулоти мултимедиа бо ин маќсад тарзи пешрафти объект дар байни истеъмолкунандагони потенсиалии иттилооти мувофиќ ба њисоб меравад.


Презентатсияњо дар њама љойњое, ки презентатсия зарур аст, истифода бурда мешаванд: дар намоишгоњњо, дар конфронсњо, конгрессњо, тренингњо ва семинарњо, гуфтугў ва вохўрињо бо фармоишдињандагон, њангоми презентатсияи лоињаи инвеститсионї ё ки бизнес-наќша, дар сайтњои амалан њамаи ширкатњо дар намуди каталогњои мањсулот ва хизматрасонї, аксияњои рекламавї, дар њама љо, дар он љое, ки дар он љо иттилоот визуализатсия карда мешавад.

Функсияи таълимї

Тренинги компютерї раванди асосии таркибдињандаи таълимї, махсусан дар системањои дистансионии таълим ба њисоб меравад. Њам блокњои маводи таълимї ва тестиронї ва њам таркибдињандаи интерфейсї самаранокии таълимдињиро њангоми бомањоратона ба он дохил намудани элементњои мултимедиавї баланд мебардоранд. Дар замони њозира курсњои таълимии мултимедиавї соњаи актуалї ва динамикї инкишофёбанда ба њисоб меравад.

Њангоми сохтани курсњои таълимї талабот нисбат ба эътимоднокї ва пуррагии мавод зиёд мешавад.

Функсияи илмї-тадќиќотї

Воситањои мултимедиа дар ин њолат дар марњилаи аз чопбарории натиљањои тадќиќот татбиќ карда мешаванд.

Дар корњои китобхона, бойгонї ва музей барои бањуљљатдарории манбањои маводњо ва нигорањо дар музей, тартибдињии фењраст ва тасвири илмї, автоматизатсияи љустуљў ва нигоњдорї барои нигоњдории маълумотњо, иттилооти маълумотдињї, барои ташкили кори олимон на танњо тавассути њуљљат, балки нусхањои электронии онњо, бе воситахои мултимедиавї пеш бурдан номумкин аст.

3D-панорамањо, панорамањои сферикї, панорамањои виртуалии 360-градусї – инњо панорамањое мебошанд, ки тарзи фотореалистии намоиши њаљмии муњитро дар рељаи интерактивї пешнињод менамоянд. Дар технологияи додашуда тасвир њамчун расми оддї менамояд, вале њангоми бо ёрии мушак њаракат додани тасвир вай дар тањти кунљи дилхоњи биниш намудњои гуногунро мегирад. Дар экрани монитор 3D-тасвири панорамавї њосил мегардад, ки муњити бинандаро бо сфераи 360 градуса ињота менамояд. 3D-панорамаи виртуалї ба инсон имкон медињад, ки њаљми калони иттилооти визуалї назар ба расми оддї мушоњида карда шавад. бо ёрии мушак идора намуда, предмети заруриро аз наздик ё дурр, тањти ягон кунљ, гардиш дидан мумкин аст.





Дар сохаи тиб татбиќи мултимедиа хеле васеъ мебошад: методикаи љарроњї бо намоиш додани видеомаводњо ва моделиронии сечанаки объектњо. Технолгияи нави визуализатсияи њолати организми инсон, ба монанди томографияи компютерї, тадќиќи магниторезонансї, зондиронии ултраовозї ва ѓ. имкон медиханд, ки маълумоти зарурї ба даст дароварда шаванд.

Функсияи њавасмандгардонї

Бисёр филмњо порчањои аниматсионї доранд ё ки пурра њамин гуна мебошанд. Њоло сектори шавќмандкунии Интернет бе компонентњои мултимедиа тасаввур кардан имконнопазир аст.

Махсусан мањсулоти барномавии Project Expert – ро ќайд кардан лозим аст.

Project Expert системаи компютерї мебошад, ки барои модели молияи ширкати нав ё ки амалкунанда новобаста аз тобеияти соњавии он ва масштабаш истифода бурда мешавад.

Пас аз бо ёрии Project Expert сохтани модели хусусии ширкат имкониятхои зерин пайдо мешаванд:

     муфассал коркард намудани накшаи молиявї ва муайян намудани талабот нисбат ба воситањои пулї барои пешрафт;

     муайян намудани схемаи молиявии ширкат, бањодињии имкониятхо ва самаранокии љалб намудани воситањои пулї аз манбањои гуногун;

     коркард намудани наќшаи инкишофи ширкат ё ки амалї гардонидани лоињаи инвеститсионї, стратегияи самараноки маркетингро муайян намуда истода.

     ташаккул додани њуљљатњои стандартии молия, нишондињандањои пањнгаштатарини молияро њисоб намудан, анализи самаранокии љорї ва ояндаи амалиёти ширкат.




  1. Технологияи мултимедиавї чист?

  2. Кадом намуди барномањои презентатсиониро медонед?

  3. Барномаи Macromedia Flash барои чї истифода бурда мешавад?

  4. Технологияи мултимедиавї дар раванди таълим чї гуна ањамият дорад?

  5. Мултимедиа ва гипермедиа гуфта чиро мефањмед?

  6. Функсияњои асосии татбиќи мањсулоти мултимедиа кадомњоанд?

  7. Функсияи маркетингї

  8. Функсияи таълимї

  9. Функсияи илмї-тадќиќотї

  10. Функсияи њавасмандгардонї

  11. Татбиќи мултимедиа дар соњаи тиб

  12. Татбиќи мултимедиа дар соњаи таълим

  13. Татбиќи мултимедиа дар соњаи илм

  14. Татбиќи мултимедиа дар соњаи бизнес


Њафтаи 11

Ташкили видеоконфронсҳо
Наќша:

  1. Технологияи видеоконфронсњо

  2. ташкили видеоконфронсњо

  3. Видеоалоќањо

  4. Татбиќи видеоконфронсалоќањо дар соњањои гуногун






Поделитесь с Вашими друзьями:
1   2   3   4   5   6   7


База данных защищена авторским правом ©uverenniy.ru 2019
обратиться к администрации

    Главная страница