Вазорати маорифи ҷУМҲурии тоҷикистон донишгоҳи давлатии ҳУҚУҚ, бизнес ва сиёсати тоҷикистон факултети инноватсия ва телекоммуникатсия кафедраи


Наќша 1. Коркарди иттилооти матнї



страница2/7
Дата06.06.2016
Размер0.94 Mb.
1   2   3   4   5   6   7

Наќша

1. Коркарди иттилооти матнї

2. Ду намуди тасвири графикӣ

Дар њуљљатњои Word ду типи тасвирњои графикї истифода бурда мешаванд.

 Расмњо

 Объектњои графикї

Расмњо аз файлњои дигар барномањо импорт карда мешаванд, объектхои графикиро бошад, бо ёрии редактори графикии Word сохтан мумкин аст.

Объектњои графикї дар Word


Объектњои графикї: ин объекти тасвиркардашуда ё ки нусхагирифташуда мебошад, ки онро бо ёрии панели асбобхои расмкашї редактиронидан ва форматиронидан мумкин аст.
Автофигурањо расњои векторї мебошанд. Расмњои векторї бо ёрии хатњо, хатњои каљ, росткунљањо ва дигар объектњои сохта мешаванд. Расмњои векторї дар формати замимае, ки дар он сохта шудаанд, нигоњ дошта мешаванд.

Ба объектњои графикї дар Word тааллуќ доранд:

 Автофигурањо

 Объектњои Надпись

 Объектњои WordArt.

Расмњо дар Word


Ба расмњои Word тааллуќ доранд: расмњои нуќтагї, тасвирњои сканиронидашуда, фотографияњо ва тасвирњо. Барои таѓир додани расм ах панели асбобњои расмкашї ва настройка истифода мебаранд.
Расмњои нуќтагї дар редакторњои графикї ба монанди Microsoft Paint тасвир карда мешаванд. Онњо бо васеъгии BMP, PNG, JPG ё ки GIF нигоњ дошта мешаванд.
Дар комплекти гузориши Word коллексияи расмњо дар таркиби Clip Gallery мављуд аст. Дар коллексияи клипњо маљмўи расмњо, ки ба Microsoft Word тааллуќ доранд, мављуданд.


Ду намуди тасвири графикӣ.

Ҳамаи тасвирҳои графикӣ ба ду гурӯҳ аз рӯи принтсипи кодбандӣ, нигоҳдорӣ дар файлҳо ва кашидани дар воситаҳои баровардан (экран, принтер) тақсим мешаванд. Онҳоро мебинем.

Тасвирҳои растровӣ маҷмӯи нуқтаҳо буда ҳар як нуқта ранги муайян дорад, аз сафед то сиёҳ. Ранги ҳамаи нуқтаҳо, ки ягон тасвирро ифода мекунад, ба массив навишта шуда ҳамроҳи ягон ахбороти хизматӣ дар файли алоҳида нигоҳ дошта мешавад. Ин массив растровӣ номида мешавад.

Ба тасвирҳои растровӣ тасвири форматҳои GIF ва JPEG. Ба ҷумлаи ин тасвирҳо ҳамчунин формати стандартии нигоҳдории тасвирҳо дар Windows – BMP дохил мешаванд. Ҳамчунин формати PNG. Ин формати на он қадар маълум дар оянда давомдиҳандаи формати GIF шуда метавонад.

Форматҳои растровӣ хеле зиёд буда, аксарияташон «фирмавӣ» барои як барнома буда, бо кадом сабабҳо паҳн нашудаанд.

Бартарияти тасвирҳои растровӣ дар он, ки коркарду созкунии оддӣ сохти тасвири онҳо мебошад. Дар ҳақиқат нисбати ҳисоб кардани массивӣ рангҳои нуқтаҳо ва ба истифодабаранда нишон додан осон аст. Норасоии он андозаи калон ва гум кардани сифат ҳангоми масштабкунонӣ аст. Ҳаҷми калон камбудии бартарафнашаванда нест. Форматҳои GIF, JPEG ва PNG бо воситаи алгоритми махсус ба таври стандартӣ сиққониши массивӣ маълумотҳоро дастгирӣ мекунад. Ин ҷо дигар хатар вуҷуд дорад. Ин алгоритмҳо сиққониши массивро бо гумкуниҳо иҷро мекунад, қисми ахборот барои инъикос нолозимро партофта, дар натиҷа массив хеле месиқонад мешавад. Агар онро сахт сиққонем сифаташ паст шуданаш мумкин, зеро қисми зиёди ахборот партофта мешавад. Ин масъалаи Web рассом мебошад, ки ин гуна тасвирро барои Интернет чоп кардан тайёр мекунад. Дар Web дизайн кадом форматҳои растровӣ истифода мешаванд. Асосан GIF ва JPEG. Барои он ки онҳо сиққонишро тарафдорӣ мекунанд. Тасвири GIF-ро барои оро додани саҳифаҳо ва расмҳои штрихӣ, JPEG –ро барои расмҳои нимранга бо шумораи зиёди рангҳо истифода мебаранд. Зеро барои сиққондани тасвирҳои ин гуна форматҳо алгоритмҳо гуногун истифода бурда мешаванд. Формати GIF хусусияти хос дорад, барои ҳамин онро Web рассомҳо дӯст медоранд. Зеро хусусияти ин формат аз он иборат, ки дар як GIF-файл паи ҳам бисёр тасвирҳои графикӣ сабт кардан мумкин аст, ки як филм тайёр шуданаш мумкин аст. Бисёр расмҳои рекламавӣ- баннерҳо –ки вақтҳои охир Web саҳифаро дар формати GIF пур кардаанд.

Дигар бартарияти формати GIF имконият медиҳад, ранги «шаффоф»-ро диҳад.

Web офаранда ба ҷои нуқтаи ин рангро дошта, нуқтаҳои ранги унсурӣ волидайниро медиҳад. Расмҳои сӯрохдор кардан мумкин, ки аз паси он дар таги расми будагӣ менамояд. Формати PNG имкониятҳои GIF ва JPEG-ро муттаҳид мекунад. Лекин ин дар шабака ин қадар маъмул нест.

Internet Explorer формати BMP –ро ҳам дастгирӣ мекунад. Чаро ин лозим, дигар Web офарандаҳо онро дастгирӣ намекунанд.

Фақат нишон додани тавсиа, ки дар он ин ё он формат нигоҳ дошта мешавад. Файлҳои GIF, PNG ва BMP тавсиаи (расширения) gif, png ва bmp, файли JPEG бошад jpeg, jpg ё jpe-ро дорад.

Дуюм гуногуншакли тасвири графикӣ- векторӣ мебошад.ин тасвир аз хатҳои оддӣ иборат аст. Ҳар як хати оддӣ бо формулаи муайяни маҷмӯи мушаххаси параметрҳо дорад, навишта мешавад. Ин параметрҳо дар массиви маълумотҳо маҳфуз дошта мешавнад. Ба тасвири векторӣ формати инъикос, ки дар барномаи Macromedia Flash сохта шудааст, ҳамчунин формати нигоҳдории стандартии тасвирии дуюм дар Windows – WMF дохил мешавад таалуқ дорад. Форматҳои бисёри тасвири векторӣ вуҷуд дорад.

Ба мо тасвири векторӣ чӣ медиҳад? Якум, ҳаҷми на он қадар калон. Дуюм, масштабкунонии оддӣ: Web- офаранда формулаҳоро бо андозаҳои нави параметрҳо аз нав ҳисоб мекунад ва расми навро таҳия мекунад. Норасоиҳо: алгоритмҳои мураккаби тасвире, ки формулаҳои мураккабро ҳисоб мекунад. Ғайр аз ин баъзе тасвирҳои векторӣ чи қадар , ки мураккаб набошад, ҳамон қадар калон ва дертар ба экран бароварда мешавад.

Дар Web –дизайн як формати графикаи векторӣ - Flash кор фармуда мешавад. Лекин инро барномаи графикӣ гуфта наметавонем – ин комплекти тавонои мултимедиа буда, метавонад филмҳои овоздор таҳия кунад. Филмҳои интерактивӣ буда ба рафтори истифодабаранда нигоҳ мекунад. Файлҳои тавсиаи swf дошта, андозаи на он қадар калон дошта ҳатто бо каналҳои суст бор (грузятся) карда мешавад. Ҳамаи Web офарандаҳо дар таркиби худ модулҳои иловагӣ доранд, ки имкони дидани филми Flash –ро медиҳад. Касе, ки онро надорад, бе масъала аз сайти Macromedia гирифта метавонад.
Њафтаи 8

Технологияи алоқамандсозии объектҳои иттилоотии мултимедиа-барномаҳо
Мултимедиа.

Мултимедиа (аз забони англ. – бисёр бисёрмуҳит) – ин ифодаи мухтасари ахбор, ки аз матн ва графикҳои сода фарқ мекунад. Мултимедиа - ин овозҳо, мусиқӣ, видео, аниматсия, ки солҳои охир дискҳои компютерҳоро банд кардаанд, мебошад. Мултимедиа – ин тезкунандҳои тавонои сеандоза дар видеокартаҳо, контролерҳои овоз, ки стандартинондаанд, CD ва DVD – дискҳо ва ғайраҳо мебошад. Мултимедиа – ин web –саҳифае, ки суруду мусиқии гуногун дорад. Мултимедиа ин рамзи олами компютер.

Мундариҷаи мултимедиаро ба куҷо ҷой кунем. Чун қоида онро ба саҳифаи асосӣ ҷой мекунанд ва он ё дар вақти кушодан ё баъди тугмачаи сар додани онро зер кардан кор мекунад. Ин мундариҷаи мултимедиа на бояд бисёр калон бошад, зеро ҷой кардан тӯл мекашад.
Дастгирии маълумотҳои мултимедиа.

Баъзе маълумотҳои мултимедияро Web – офаранда бе восита дастгирӣ мекунад. Сухан дар бораи тасвирҳои растровӣ дар формати GIF, JPEG ё PNG меравад. Internet Explorer инчунин теги худ барои ба саҳифа ҳамроҳ кардани мусиқӣ ва атрибути DYNSRC - и теги , ки бо воситаи он ба саҳифа филмро ҷойгир мекунанд, тарафдорӣ мекунад. Вале ин имкониятҳо стандартӣ нестанд, бинобар ин онҳородида намебароем. Агар дар бораи онҳо донистан хоҳед ба дастури электронии HTML муроҷиат кунед.

Форматҳо хеле зиёданд, бинобар ин қисми зиёди онҳо дар Web – офаранда аз барномаҳои иловагӣ ҳам мешавад. Масъала бо истифодаи барномаҳои иловагӣ ҳал мешавад. Вақте ки Web – офаранда ягон гуна маълумоти коркарда наметавонистагиро мегирад, ӯ барномаи мувофиқатро ҷеғ мезанад.

Маълумотҳои мултимедиа, ки Web – офаранда дастгирӣ намекунад ба саҳифа бо воситаи теги махсус ворид карда мешавад. Бо ёрии атрибути мувофиқ номи файли маълумотҳо дода мешавад, ки бо ёрии барномаи иловагӣ коркарда мешавад.

Барнома маълумотҳои файлро хонда, дар асоси он дар экран хулосаҳо мебарорад ё бо тарзи дигар намуддор мекунад.

Вале Web – офаранда чӣ хел мефаҳмад, ки кадом барнома барои коркарди маълумотҳои ин ё он формат истифода мешавад. Ҳар формати маълумотҳо идентификатори беҳамтои худро дорад, ки шакли MIME ном дорад. Барномаи иловагӣ ҳангоми ҷойкунӣ ба система маълумот медиҳад, ки кадом шакли Mime ба вай мувофиқ аст. Шаклии MIME бо формати маълумотҳо ва барномаҳои дар реестри Windows сабтшаванда, мувофиқат мекунад. Дар ҷадвали 4.1. баъзе шаклҳои MIME ва маълумотҳои формати онҳо мувофиқ оварда шудааст.



Таблитсаи 4.1. Шаклии MIME

Шакли файл

Шакли MIME


Архиви RAR Архиви ZIP

Application/x-tar application/x-zip compressed

Аудио ё видеосабти ASF

video/x – ms – asf

Аудио ё видеосабти WMV

video/x – ms – wmv

Аудиосабти AIFF

audio/aiff

Аудиосабти AU

audio/basic

Аудиосабти MIDI

audio/mid

Аудиосабти MP3

audio/mpeg

Аудиосабти WAV

audio/wav

Аудиосабти WMA

audio/x – ms – wma

Видеосабти AVI

video/avi

Видеосабти Indeo (IVF)

video/x – ivf

Видеосабти MPEG

video/mpeg

Карточкаи визите, ки барномаҳои почтавӣ барои нигоҳдории маълумот дар бораи соҳиби адрес истифода мешавад

text/x – vcard

Файли графики ART

image/x-jg

Файли графики BMP

image/bmp

Файли графики GIF

image/gif

Файли графики JPEG

image/jpeg

Файли графики Mascromedia Flash

application/futuresflash

Файли графики TIFF

image/tiff

Ҳуҷҷати Adobe Acrobat

application/pdf

Ҳуҷҷати HTML

text/html

Ҳуҷҷати Microsoft Excel

application/x-msexcel

Ҳуҷҷати Microsoft Word

application/msword

Ҳуҷҷати RTF

application/msword

Ҳуҷҷати XML

text/xml

Илова

application/x – msdownload

Иловаи HTML (HTA)

application/hta

Ҷадвали тарзи HTML

text/ess

Ҳуҷҷати матнӣ

text/plain

Барномаҳои иловагӣ, ки васеъкунандаи имкниятҳои Web – офаранда ба ду намуд тақсим шуда, принсипи корашон фарқ мекунад:

Модулҳои тавсиаи (расширения) Web – офаранда (ба забони англисӣ - plugins). Аввалин маротиба онҳоро Netscape 2.0 дастгир кард; дарстгирии онҳо дар Internet Explorer дар гунаи 3.0 пайдо шудааст. Ин барномаҳои на он қадар калон, дар шакли китобхонаҳои Windows DLL мебошад. Онҳо барои коркарди ин ё он файл ба Web – офаранда ҷой карда мешаванд. Агар модули тавсиа барпо набошад, Web – офаранда худаш онро ҷой карда барқарор мекунад.

Унсурҳои ActiveX. Стандарти умумии тавсиа барои системаи оператсионии Windows, ки фирмаи Microsoft пешниҳод кардааст, мумкин барои «ҷоннок» кардани Web – саҳифа истифода шавад. Бо истифода аз имкониятҳои модули тавсиа, унсурҳои ActiveX на танҳо аз тарафи Web – офаранда, балки аз тарафи ҳамаи барномаҳои система дастгирӣ мебинад.

Унсури ActiveX бо ёрии GUID идентификатсия мешавад, ки бо шакли маълумотҳои MIME ба реестр навишта мешавад. Унсурҳои ActiveX-ро Internet Explorer 3.0, Navigator 6.0, Mozilla 1.0 ва гунаҳои нав дастгирӣ мекунад. Дар бораи дастгирии Opera маълумот нест.






Поделитесь с Вашими друзьями:
1   2   3   4   5   6   7


База данных защищена авторским правом ©uverenniy.ru 2019
обратиться к администрации

    Главная страница