Ќонун љУМЊурии тољикистон «дар бораи реклама»



страница1/3
Дата20.07.2016
Размер0.5 Mb.
  1   2   3

ЌОНУН
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
«ДАР БОРАИ РЕКЛАМА»
(Ќонун аз 13.06.07с. №276, аз 06.10.2008с. № 445)
БОБИ I. Муќаррароти умумї
Ќонуни мазкур муносибатњои соњаи рекламаро (ба истиснои рекламаи сиёсї) ба танзим дароварда, онро аз раќобати бевиљдонона њифз менамояд ва рекламаи номуносиберо, ки метавонад истифодабарандагонро ба иштибоњ андозад ё ба саломатии онњо, амволи шахсони воќеї ва њуќуќї, муњити зист ё иззати нафс, шараф ё шўњрати мењнатии шахсони мазкур зарар расонад, инчунин ба манфиатњои љамъиятї, принсипњои башардўстї ва ахлоќї тањдид кунад, пешгирї ва ќатъ менамояд.
Моддаи 1. Доираи амали Ќонун

Ќонуни мазкур муносибатњоеро, ки дар љараёни истењсол, љойгиронї ва пањнкунии реклама дар бозорњои мол, мењнату хизматрасонии (минбаъд – мол) Љумњурии Тољикистон, аз љумла бозорњои хизматрасонии бонкї, суѓуртавї ва дигар хизматрасонињо, ки бо истифодабарии маблаѓњои шахсони воќеї ва њуќуќї алоќаманд мебошанд, инчунин дар бозорњои ќоѓазњои ќиматнок ба вуљуд меоянд, танзим менамояд.

Ќонун њамчунин дар њолатњое, ки амалњои берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон содиркардаи шахсони воќеї ё њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар соњаи реклама боиси мањдудияти раќобат, ба иштибоњ андохтани шахсони воќеї ё њуќуќї дар њудуди Љумњурии Тољикистон мегарданд ё оќибатњои дигари манфиро дар бозорњои моли Љумњурии Тољикистон ба миён меоранд, татбиќ карда мешавад, агар муносибатњои байни давлатњо бо созишномањои байналмилалї ба танзим дароварда шуда бошанд.

Њамин Ќонун нисбат ба шахсони воќеї ва њуќуќии хориљї ва шахсони бешањрванд – соњибкорони инфиродие, ки бо тартиби муќарраргардидаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудаанд ва дар њудуди Љумњурии Тољикистон рекламаро истењсол, љойгир ва пањн мекунанд, низ татбиќ мегардад.

Ќонуни мазкур ба эълонњои шахсони воќеї, аз љумла дар воситањои ахбори омма, ки ба фаъолияти соњибкорї машѓул нестанд, дахл надорад.
Моддаи 2. Мафњумњои асосї

Дар Ќонуни мазкур мафњумњои асосии зерин истифода мегарданд:



реклама – иттилооте, ки дар њар шакл, тавассути њар навъ воситањо оид ба шахси воќеї ва њуќуќї, молњо, ѓояњо ва ташаббусњо (ахбори рекламавї) пањн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбинї шуда, љињати ташаккул ё дастгирии шавќмандї ба шахсони воќеї ва њуќуќї, молњо, ѓояњо, ташаббусњо таъин гардида, барои фурўхтани молњо, ѓояњо ва ташаббусњо мусоидат менамояд;

рекламаи номуносиб – рекламаи бевиљдонона, нодуруст, беодобона, ошкоро бардурўѓ, пинњонї ё дигар рекламае, ки дар он ба вайронкунии талабот нисбати мазмун, ваќт, мањал ва тарзи пањнкунї тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон роњ дода шудааст;

аксулреклама – рад кардани рекламаи номуносиб, ки бо маќсади барњам додани оќибатњои он пањн карда мешавад;

рекламадињанда – шахси воќеї ё њуќуќие, ки љињати истењсол, љойгиркунї ва минбаъд пањнкунии реклама манбаи иттилооти реклама мебошад;

истењсолкунандаи реклама – шахси воќеї ё њуќуќие, ки љойгир ё пањнкунии иттилооти рекламаро пурра ё ќисман дар шакли тайёр барои пањнкунї омода месозад;

пањнкунандаи реклама – шахси воќеї ё њуќуќие, ки љойгир ё пањнкунии иттилооти рекламаро бо роњи пешнињод ё истифодаи амвол, аз љумла, воситањои техникии радио, телевизион, инчунин шабакањои алоќа, ваќти намоиш ва бо истифода аз дигар воситањо анљом медињад;

истифодабарандагони реклама – шахсони воќеї ё њуќуќие, ки реклама ба маълумоташон расонида мешавад;

рекламаи беруна – плакатњо, стендњо, овезањои номалавњаи мунаввар ва воситањои дигари техникї, љойгиронии устувори он дар њудуди муайян;

рекламаи дохилї – њар гуна рекламае, ки дар дохили хонањо, биноњо, иншоотњо љойгир карда шудааст;

рекламаи иљтимої – ахбороти маќомоти давлатї оид ба масъалањои тарзи солими њаёт, њифзи саломатї, њифзи табиат, пешгирии њуќуќвайронкунї, њифзи иљтимої ва амнияти ањолї, ки хусусияти тиљоратї надоранд;

оферта – пешнињод ба бастани шартнома буда, ба як ё якчанд шахсони мушаххас фиристода мешавад ва талабњои асосии шартномаро дар бар мегирад;

аксепт – љавоби шахсе, ки офертаи ба ў пешнињод кардашударо гирифтааст;

сањмгузорї – аз љониби шахси воќеї ва њуќуќї гузоштани сањм (дар шакли пешнињоди амвол, натиљањои фаъолияти зењнї, хизматрасонї, анљом додани корњо) ба фаъолияти шахси дигари воќеї ва њуќуќї (кўмакгиранда) бо шартњои пањн кардани рекламањои кўмакгиранда оид ба сањмгузор ва молњои ў;

сањми сањмгузор – пардохт барои реклама ва сањмгузору кўмакгиранда – мутобиќан рекламадињанда ва пањнкунандаи реклама.
Моддаи 3. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама

Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз Ќонуни мазкур, дигар санадњои меъёрии њуќуќї ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.


Моддаи 4. Њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он барои реклама

Реклама метавонад пурра ё ќисман объекти њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он бошад.

Дар ин њолат њуќуќњои муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њифз карда мешаванд.
БОБИ II. Талаботи умумї ва махсус ба реклама
Моддаи 5. Талаботи умумї ба реклама

Реклама бояд бе донишњои махсус ё бе татбиќи воситањои техникї, бевосита дар лањзаи пешнињоди он сарфи назар аз шакл ё воситањои истифодашавандаи пањнкунї, мањз њамчун реклама шинохташаванда бошад.

Дар осори радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин дар мањсулоти чопии дорои хусусияти ѓайрирекламавї истифодаи маќсадноки таваљљўњи истифодабарандагони реклама ба навъи (модел, артикул) мушаххаси мол ё ба тайёркунанда, иљрокунанда, фурўшанда барои ташаккул ва дастгирии манфиати онњо бе маълумоти муносиби пешакї дар ин маврид (ба хусус, бо роњи ќайд кардан "њамчун реклама") иљозат дода намешавад.

Ба воситањои ахбори омма барои љойгиронии реклама њамчун маводи иттилоотї, тањрирї ё таълифї гирифтани маблаѓ манъ аст.

Агар мањсулоти радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин осори чопї ќисм ба ќисм пањн карда шаванд, маълумот дар бораи реклама низ бояд мутобиќи миќдори ќисмњои он такрор гардад.

Реклама дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба забони давлатї ва бо салоњдиди рекламадињандагон, инчунин ба дигар забонњо, мутаносибан бо њарфњои хурд пањн карда мешавад. Ин муќаррарот ба радиошунавонї, пахши телевизионї ва нашрияњои чопие, ки танњо ба забони давлатї, забонњои дигар миллатњои дар Љумњурии Тољикистон истиќоматдошта ва забонњои хориљї сурат мегиранд, инчунин ба тамѓањои молии (тамѓањои хизматрасонї) ба ќайд гирифташуда дахл надоранд.

Ба рекламаи мол, рекламаи худи рекламадињанда, њамчунин ба рекламаи молњое, ки мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон истењсолу истифодаи онњо манъ карда шудааст ва инчунин ба рекламаи мањсулот, кору хизматрасонї, ки бояд њатман дар Љумњурии Тољикистон сертификатсия карда шаванд, вале сертификати мутобиќат надоранд, роњ дода намешавад (Ќонун аз 13.06.07с. № 276).

Хорич карда шуд (Ќонун аз 13.06.07с. № 276).

Хорич карда шуд (Ќонун аз 13.06.07с. № 276).

Рекламаи молњое, ки сертификатсияи њатмиро талаб менамоянд, бояд ќайди «њатман сертификатсия кунонида шаванд» дошта бошанд.

Истифода намудани объектњои њуќуќњои истисної (моликияти зењнї) дар реклама бо тартиби пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон иљозат дода мешавад.

Реклама набояд дар шањрвандон њисси зўроварї, таљовуз, воњима барангезад, инчунин набояд ба амалњои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воќеї зарар расонанд ё ба бехатарии онњо тањдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.

Реклама набояд ба амалњое, ки ќонунгузории њифзи табиатро вайрон мекунанд, оварда расонад.
Моддаи 6. Рекламаи бевиљдонона

Рекламаи бевиљдонона рекламае мебошад, ки:

шахсони воќеї ва њуќуќиро, ки аз молњои рекламашаванда истифода намекунанд, беобрў менамояд;

дорои муќоисањои носањењи моли рекламашаванда бо моли (молњои) дигар шахсони воќеї ва њуќуќї буда, инчунин мулоњизањо ва тасвирњое дорад, ки иззат, шаъну шараф ё эътибори раќибонро паст мезананд;

истеъмолкунандагонро нисбати моли рекламашаванда ба воситаи таќлиди (нусхабардории ё таќлидкории) лоињаи умумї, матн, формулањои рекламавї, тасвир, таъсироти мусиќї ва савтии дар рекламаи молњои дигар истифодашаванда ё тавассути сўиистифодаи боварии шахсони воќеї ё нокифоя будани таљрибаю дониши онњо, аз љумла бо сабаби дар реклама мављуд набудани ќисматњои муњими иттилоотї ба иштибоњ меандозад.

Ба рекламаи бевиљдонона роњ дода намешавад.


Моддаи 7. Рекламаи нодуруст

Рекламаи нодуруст рекламае мебошад, ки дар он нисбати нишондињандањои зерин маълумоти ба њаќиќат номувофиќ мављуд аст:

тавсифи молњо њамчун асл, таркиб, тарз ва санаи тайёр намудани онњо, таъинот, хусусияти истеъмолї, шароитњои истеъмол, мављудияти сертификати мутобиќат, аломатњои сертификатсионї ва аломатњои мутобиќат ба стандартњои давлатї, теъдод, мањалли истењсол;

мављудияти мол дар бозорњо, имкониятњои дар њаљми мазкур харидорї намудани он, ваќт ва мањал;

арзиши (нархи) молњо дар лањзаи пањн кардани реклама;

шароитњои иловагии пардохт;

бурда расонидан, табодул, баргардонидан, таъмир ва хизматрасонии мол;

ўњдадорињои кафолатї, мўњлати хизмат, мўњлати истифода;

њуќуќ барои истифодаи рамзњои давлатї, инчунин рамзњои ташкилотњои байналмилалї;

эътирофи расмї, гирифтани медалњо, љоизањо, дипломњо ва дигар мукофотњо;

пешнињоди маълумот доир ба тарзњои харидани силсилањои пурраи молњо, агар мол як ќисми силсила бошад;

натиљаи тадќиќот ва санљишњо, истилоњоти илмї, иќтибосњо аз нашрияњои техникї, илмї ва дигар интишорот;

маълумоти оморие, ки асоснокии онњо набояд дар шакли аз њад зиёд нишон дода шавад;

истинод ба ягон тавсияњо ё эътирофи шахсони воќеї ва њуќуќї, аз љумла ба тавсияву эътирофњои кўњнашуда;

истифодаи истилоњот бо дараљаи баланд, аз љумла тавассути истифодаи калимањои «бењамто», «мутлаќо», «ягона» ва дигарњо дар сурати имконнопазир будани тасдиќи онњо бо њуљљат;

муќоиса бо дигар мол (молњо), инчунин бо њуќуќ ва вазъи дигар шахсони воќеї ё њуќуќї;

истинод ба ягон хел кафолат ба истифодабарандагони молњои рекламашаванда;

њаљми воќеии талабот ба мол;

маълумот доир ба худи рекламадињанда.

Ба рекламаи нодуруст роњ дода намешавад.


Моддаи 8. Рекламаи беодобона

Рекламаи беодобона рекламае мебошад, ки:

дорои маълумоти матнї, тасвирї ва савтї буда, меъёрњои умумибашарї ва ахлоќиро бо роњи истифодаи калимањои тањќиромез, ташбењ, симоњо нисбати нажод, миллат, касб, табаќањои иљтимої, гурўњи синну солї, љинс, забон, эътиќоди динї, фалсафї, сиёсї ва дигар эътиќоди шахсони воќеиро халалдор месозад;

объектњои санъатро, ки дорои арзиши миллї ё фарњанги љањонї њастанд, беобрў менамояд, рамзњои давлатї, асъори миллии Љумњурии Тољикистон ё давлати дигар ва рамзњои мазњабиро бадном мекунад;

ягон шахси воќеї ё њуќуќї, ягон хел фаъолият, касб, молро бадном мекунад.

Шахси воќеї ё њуќуќие, ки аз истењсол ё пањн гардидани рекламаи дорои маълумоти бадномкунандаи иззати нафсу шараф ё эътибори ў огоњ шудааст, њаќ дорад барои њифзи њуќуќњои поймолгардидааш бо тартиби пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба суд мурољиат намояд, инчунин агар рекламадињанда ин талаботро ихтиёрї иљро накунад, њуќуќ дорад аз рекламадињанда раддияи чунин рекламаро бо њамон тарзе ки пањн карда шуда буд, талаб намояд.

Ба рекламаи беодобона роњ дода намешавад.
Моддаи 9. Рекламаи бардурўѓ

Рекламаи бардурўѓ чунин рекламае мебошад, ки тавассути он рекламадињанда (истењсолкунандаи реклама, пањнкунандаи реклама) истифодабарандаи рекламаро ќасдан ба иштибоњ меандозад.

Ба рекламаи бардурўѓ роњ дода намешавад.
Моддаи 10. Рекламаи пинњонї

Дар асари радио, аудио, намоишномањои телевизиону видео, дар мањсулоти кино, њамчунин дар маводи дигар истифода кардан ва бо роњу воситањои дигар интишор намудани рекламаи пинњонї, яъне рекламае, ки ба њушу идроки истеъмолкунанда, аз љумла бо роњи истифодаи сабтњои махсуси видеої (сабти овози дуљўра) таъсири беихтиёр мерасонанд, иљозат дода намешавад.


Моддаи 11. Хусусиятњои реклама дар барномањои радио ва телевизион

Дар барномањои радио ва телевизион бо реклама буридани барномањои зерин роњ дода намешавад:

суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Раиси Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Сарвазири Љумњурии Тољикистон, гузориш аз иљлосияњои Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, љаласањои якљояи онњо, чорабинињои давлатї, маросимњои мотам ва дигар маросимњои расмї;

барномањои динї;

барномањои таълимї на бештар аз як маротиба дар муддати 15 даќиќа то 30 сония;

гузоришњои радио ва филмњои бадеї бе розигии соњибњуќуќон;

барномањое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 даќиќа мебошад;

барномањое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 даќиќа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.

њангоми истифодаи реклама њамчун замима ба тасвири асосї, аз љумла ба таври «сатри муњаррик», андозаи он бояд аз њафт фоизи масоњати кадр зиёд набошад.

Пањн кардани рекламаи як навъи мол, њамчунин пањн намудани реклама дар бораи худи рекламадињанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду даќиќа дар муддати як соати ваќти ба пахши барномањои радио ва телевизион људошуда дар як мављи намоиш ба љо оварда шавад.

Дар барномањои радио ва телевизиони давлатї, ки њамчун барномањои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламавї махсусгардонидашуда ба ќайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи њаљми намоиши шабонарўзї ва дар барномањои радио ва телевизиони ѓайрињукуматї ин њаљм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.

Дар барномањои кўдаконае, ки давомнокиаш то 30 даќиќа мебошад, пахши реклама манъ аст.


Моддаи 12. Хусусиятњои реклама дар матбуоти даврї

Дар матбуоти даврии давлатї, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавї дошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи њаљми як шумораи нашрияи матбуоти даврї ва дар матбуоти даврии ѓайрињукуматї ин њаљм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад.

Дар воситањои ахборе, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, мањдудият гузошта намешавад.
Моддаи 13. Хусусиятњои реклама дар кино, видео ва хизматрасонии маълумотї

Тавассути реклама буридани намоиши филм, ба истиснои танаффусњои байни ќисмњо, дар кино ва видеохизматрасонї роњ дода намешавад.

Њангоми хизматрасонии маълумотдињии телефонї, компютерї реклама танњо баъди ба абонент додани маълумоти талабгардида пешнињод шуда метавонад.

Њангоми хизматрасонии пулакии маълумотдињии телефонї, компютерї ё дигар хизматрасонї реклама танњо бо розигии абонент пешнињод карда мешавад.

Арзиши чунин реклама набояд ба арзиши маълумоти талабкардаи абонент дохил шавад.

Истифодаи раќамњои бепули телефонњои хадамоти ёрии таъљилї, милитсия, сўхторнишонї ба маќсади пањнкунии реклама манъ карда мешавад.


Моддаи 14. Хусусиятњои рекламаи берунї

Пањн кардани реклама дар шањрњо, ноњияњо, шањракњо, дењот ва дигар мавзеъњо метавонад дар шакли плакатњо (овезањо), стендњо, номалавњањои мунаввар, дигар воситањои техникии устувори љойгиронии мавзеъї амалї гардад.

Рекламаи берунї бояд бо аломатњои роњњо ва нишонањо мушобењ набуда, дидани онњоро халалдор насозад, инчунин ба бехатарии њаракат халал нарасонад, њамзамон реклама (овеза, номалавња, стендњо ва ѓайрањо) бояд дар болои роњи автомобилгард ё аз тарафи рости роњ љойгир шавад.

Пањн намудани рекламаи берунї дар шањрњо, ноњияњо, шањракњо, дењот ва дигар мавзеъњо њангоми мављуд будани иљозати маќомоти дахлдори њокимияти давлатї дар мањалњо тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон анљом дода мешавад:

аз тарафи маќомоти дахлдори раёсати истифодабарии роњњои автомобилгард, инчунин воњидњои минтаќавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон – дар хати људокарда ва минтаќаи наздироњии роњњои автомобилгард – берун аз ќаламрави шањрњо, ноњияњо, шањракњо ва дењот;

аз тарафи воњидњои минтаќавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистондар ќаламрави шањрњо, шањракњо ва дењот;

аз тарафи маќомоти дахлдори идораи роњњои оњан – дар хати људокардаи роњи оњан.

Барои додани иљозати пањн намудани рекламаи берунї бо назардошти талаботе, ки дар ќисми якуми ин модда пешбинї шудаанд, бо тартиб ва андозањои муќаррарнамудаи маќомоти дахлдори њокимияти давлатї дар мањал ва бо мувофиќаи маќомоти дахлдоре, ки дар сархатњои якум ва дуюми ќисми сеюми моддаи мазкур зикр гардидаанд, маблаѓ ситонида мешавад.

Њамзамон њаљми пардохт бояд аз андозаи харољоти корњои анљомдодашуда барои додани иљозати пањн намудани рекламањои берунї, муайян намудани љойи пањн кардани он ва назорати њолати рекламањои берунї ва воситањои техникии љойгиронии устувори мавзеъии он зиёд набошад.

Пањн намудани рекламаи берунї бо роњи љойгиркунї дар мавзеъ (аз љумла, дар мавзеъњои ёдгорињои фарњангї, иншооти расму ойин, маљмўањои њифзшавандаи табиї), бино, иншоот ва дигар объектњо, инчунин муайян намудани њаљм ва тартиби пардохти маблаѓ барои пањн намудани рекламаи мазкур дар асоси шартнома бо молик ё бо шахси ба амвол њуќуќи моликидошта анљом дода мешавад, агар мутобиќи ќонун ё шартнома нисбати шахси ба амвол њуќуќи моликидошта њолати дигар пешбинї нашуда бошад ва дар мавриди мављуд будани иљозат ќисми сеюми пешбинишудаи ин модда амалї мегардад.


Моддаи 15. Хусусиятњои реклама дар воситањои наќлиёт ва муросилоти почта

Пањн намудани реклама дар воситањои наќлиёт дар асоси шартномањо бо соњибони воситањои наќлиёт ё бо шахсони ба воситањои наќлиёт њуќуќи моликидошта, агар мутобиќи ќонун ё шартнома нисбати шахсоне, ки ба ин амвол њуќуќи моликї доранд, њолати дигар пешбинї нашуда бошад, сурат мегирад.

Њолатњои мањдудият ва манъи пањн кардани рекламаро дар воситањои наќлиёт бо маќсади таъмини бехатарии њаракат маќомоти ваколатдор, ки назорати бехатарии њаракат ба зиммаашон гузошта шудааст, муайян мекунанд.

Пањн кардани реклама дар муросилоти почта танњо бо иљозати Вазорати алоќаи Љумњурии Тољикистон ба љо оварда мешавад.


Моддаи 16. Рекламаи дохилї

Љойгиронии реклама дар биноњои маќомоти њокимият, муассисањои кўдаконаи томактабї, мактабњои њамагонї ва мактабњои махсус, ба ѓайр аз рекламаи махсус роњ дода намешавад.


Моддаи 17. Хусусиятњои рекламаи навъњои алоњидаи молњо

Рекламаи машрубот, тамоку ва мањсулоти тамоку, мањсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фањшдошта, инчунин маводи нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњо манъ аст.

Рекламаи маводњои доруворї, техникаи тиббї, таљњизоти таъиноти тиббї ва санитарию гигиенї, мањсулоти истеъмолии табобатию профилактикї, иловагињои озуќавї ва ороишие, ки аз ќайди маќомоти ваколатдори Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон нагузаштаанд, инчунин рекламаи усулњои табобат, профилактика, ташхис,офият њангоми набудани иљозати Вазорати тандурустї роњ дода намешавад, аз љумла дар њолати гирифтани патент барои ихтироот дар соњаи мазкур.

Њангоми рекламаи доруворї бо маќсади таќвияти самаранокии реклама муќоисаи он бо дигар маводи доруворї иљозат дода намешавад. Рекламаи доруворие, ки бо дорухати (ресепти) духтур дода мешаванд, манъ аст.

Рекламаи тамоми навъњои яроќ, силоњ ва техникаи њарбї, ба истиснои рекламаи яроќи ѓайринизомии иљозатдошта, аз љумла яроќи шикорї ва варзишї иљозат дода намешавад.

Пањн кардани рекламањои яроќи ѓайринизомии иљозатдошта, аз љумла шикорї ва варзишї танњо дар нашрияњои матбуоти даврї, ки барои пањн кардани реклама махсус гардонида шудаанд, инчунин дар дигар нашрияњои матбуоти даврии барои истифодабарандагони яроќи иљозатномадоштаи шањрвандї пешбинишуда ва дар љойњои истифодаи яроќи шикорї ва варзишї иљозат дода мешавад.

Ба интишори рекламаи яроќи иљозатномадоштаи шањрвандї дар воситањои умумии иттилоотии электронї танњо баъди соати 22 ваќти мањаллї роњ дода мешавад.
Моддаи 18. Хусусиятњои рекламаи хизматрасонии молиявї, суѓуртавї, сармоягузорї ва коѓазњои ќиматнок

Њангоми истењсол, љойгир ва пањн кардани рекламаи хизматрасонињои молиявї, аз љумла бонкї, суѓуртавї, сармоягузорї ва дигарњо, ки бо истифодаи маблаѓи шахсони вокеї ва њуќуќї алоќаманд мебошанд, инчунин коѓазњои ќиматнок ба амалњои зерин роњ дода намешавад:

дар реклама нишон додани маълумоти миќдорї, ки бевосита ба хизматрасонињои рекламашаванда ё коѓазњои ќиматнок алоќаманд нестанд;

кафолат додани њаљми даромадњо тибќи сањмияњои номии оддї;

реклама кардани коѓазњои ќиматнок то ба ќайд гирифтани эълони эмиссияи (барориши) онњо;

пешнињод намудани њама гуна кафолатњо, ваъдањо ё тахминњо оид ба даромаднокии минбаъдаи фаъолият, аз љумла бо роњи эълон намудани баландшавии ќурби коѓазњои ќиматнок;

ном набурдани њатто яке аз шартњои шартнома, агар дар реклама дар хусуси шартњои шартнома иттилоъ дода шавад.
Моддаи 19. Рекламаи иљтимої

Рекламаи иљтимої манфиатњои љамъиятї ва давлатиро ифода намуда, барои расидан ба маќсадњои хайриявї нигаронида шудааст.

Дар рекламаи иљтимої ташкилотњои тиљоратї, соњибкорони инфиродї, навъњои мушаххаси (моделњои, артикулњои) молњои онњо, њамчунин навъњои молњое, ки натиљаи фаъолияти соњибкории ташкилотњои ѓайритиљоратї мебошанд, набояд хотиррасон карда шаванд.

Фаъолияти ба таври ройгон анљомдодашудаи шахсони воќеї ва њуќуќї барои истењсол ва пањн кардани рекламаи иљтимої, аз љумла тарзи солимии њаёт ва дастовардњои соњаи тандурустї, додани моликияти худ, аз љумла воситањои пулї ба дигар шахсони воќеї ва њуќуќї, дар истењсол ва пањн кардани рекламаи иљтимої, њамчун фаъолияти эњсонкорї дониста шуда, аз имтиёзњои пешбининамудаи ќонунгузорї бархурдор мебошанд.

Пањнкунандагони реклама – воситањои ахбори омма ўњдадоранд, ки љойгиронии рекламањои иљтимоии пешнињодкардаи рекламадињандагонро дар доираи 10 фоизи ваќти намоиш (масоњати асосии чопї ) дар як сол, ки ќонунгузорї барои реклама муќаррар кардааст, љойгир намоянд.

Пањнкунандагони рекламае, ки воситањои ахбори омма намебошанд, ўњдадоранд рекламаи иљтимоиро дар доираи 10 фоизи арзиши солонаи хизматрасонї љойгир намоянд.

Истењсолкунандагони реклама ўњдадоранд хизматрасониро оид ба истењсоли рекламаи иљтимої дар доираи 10 фоизи њаљми солонаи рекламањое, ки истењсол мекунанд, пешнињод намоянд.

Шартњои ба ваќти љойгиронї ва воситањои пањнкунии рекламаи иљтимої тааллуќдошта, ки рекламадињанда пешнињод мекунад, барои пањнкунандаи реклама њатмї мебошад, агар рекламадињанда ба пањнкунандаи реклама на дертар аз як моњи мўњлати дар назардоштаи пањни рекламаи иљтимої мурољиат намояд.

Пардохти маблаѓи истењсол, љойгир ва пањн кардани рекламаи иљтимої дар асоси шартнома анљом дода мешавад.

Дар сурати зиёд будани њаљми фармоишњо барои истењсол, љойгир ва пањн кардани рекламаи иљтимої назар ба меъёрњои ваќти муќаррарнамудаи намоиши чунин рекламањо, масоњати асосии чопї, њаљми истењсол, љойгиронї, пањн кардан ва дар мавриди ба вуљуд омадани бањсњо навбати истењсол, љойгир ва пањн кардани рекламаи иљтимої бо тартиби аз љониби истењсолкунандагон ва пањнкунандагони реклама гирифтани офертаи рекламадињанда муайян карда мешавад.

Ба амалњои истењсолкунандагон ва пањнкунандагони реклама, ки ба истењсол, љойгир ва пањн кардани рекламаи иљтимої дар доираи муќаррарнамудаи ќонунгузорї монеа ба вуљуд меоранд, иљозат дода намешавад.

Дар сурати роњ додан ба чунин амалњо рекламадињандагон метавонанд бо тартиби муќарраргардида ба суд шикоят намоянд.


Моддаи 20. Мањдудият дар фаъолияти сањмгузорї

Сањмгузор њуќуќ надорад, ки ба фаъолияти кўмакгиранда дахолат намояд.

Шахсони воќеию њуќуќї, ки машрубот ва тамоку истењсол мекунанд, сањмгузор буда наметавонанд.

Сањмгузорї ба барномањои ахбор ва воќеањои љорї манъ аст.


Моддаи 21. њифзи ноболиѓон њангоми истењсол, љойгир ва пањн кардани рекламањо

Њангоми истењсол, љойгир ва пањн кардани реклама бо маќсади муњофизати ноболиѓон аз суиистифодаи зудбоварї ва бетаљрибагї ба амалиётњои зерин роњ дода намешавад:

беэътибор кардани нуфузи волидон ва мураббиён, коњиш додани боварии ноболиѓон нисбат ба онњо;

талќини бевоситаи ноболиѓон нисбати водор сохтани волидон ва шахсони дигар ба харидани молњои рекламашаванда;

љалб намудани диќќати ноболиѓон ба ин ё он молњое, ки ба даст оварданашон ба онњо нисбат ба дигар ноболиѓон ягон бартарї медињад, инчунин ба молњое, ки набуданашон натиљаи баръакс медињад;

дар реклама љойгир намудани маълумоти матнї, биної ё савтї, ки ноболиѓонро дар љойњо ва вазъиятњои хатарнок нишон медињанд;

паст намудани сатњи зарурии малакањои истифодаи мол аз љониби ноболиѓон, њамзамон дар сурате, ки агар таљрибаи истифодаи мол нишон дода ё тавсиф шуда бошанд, реклама бояд дар хусуси он ки кадом чиз воќеан барои ноболиѓони гурўњи муайяни синну сол, ки мол барояшон пешбинї шудааст, маълумот дињад;

ба ноболиѓон талќин намудани хаёлоти ѓайривоќеї (тањрифшуда) оид ба арзиши (нархи) мол, аз љумла тавассути истифодаи калимањои «танњо», «њамагї» ва ба њамин монанд, инчунин бо роњи бевосита нишон додани он ки моли рекламашаванда барои буљети тамоми оилањо дастрас мебошад.

Истифодаи тасвири матнї, биної ё савтии ноболиѓон дар рекламае, ки бевосита ба молњои барои ноболиѓон дахл надоранд, роњ дода намешавад.
БОБИ III. Њуќуќ ва ўњдадорињои рекламадињандагон,

истењсолкунандагон ва пањнкунандагони реклама
Моддаи 22. Мўњлати нигоњдории маводе, ки рекламаро дар бар мегирад

Рекламадињандагон, истењсолкунандагон ва пањнкунандагони реклама ўњдадоранд маводњо ё нусхањои онњоро, ки рекламаро дар бар мегиранд, аз љумла њамаи таѓйироти минбаъдаи ба онњо воридшавандаро дар муддати шаш моњ аз рўзи пањн шудани рекламаи охирин нигоњ доранд.


Моддаи 23. Пешнињоди маълумот барои истењсол ва пањн кардани реклама

Истењсолкунанда ва пањнкунандаи реклама њуќуќи талаб карданро дорад ва рекламадињанда дар ин њолат ўњдадор аст тасдиќи дурустии маълумоти рекламаро бо њуљљат пешнињод намояд.

Хорич карда шуд (Ќонун аз 13.06.07с. № 276).
Моддаи 24. Ўњдадорињои истењсолкунандаи реклама дар мавриди хабардор кардани њолатњои вайронкунии ќонунгузории оид ба реклама

Истењсолкунандаи реклама ўњдадор аст сари ваќт ба рекламадињанда хабар дињад, ки риояи талаботи ў њангоми истењсоли реклама метавонад ба вайронкунии ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама оварда расонад.

Агар рекламадињанда сарфи назар аз огоњонии сариваќтї ва асоснокшудаи истењсолкунандаи реклама талаботи худро ба реклама таѓйир надињад ё мутобиќи талаботи истењсолкунандаи реклама тасдиќи њуљљатии дурустии маълумоти барои истењсоли реклама пешнињодшавандаро пешкаш накунад ё дигар њолатњоеро, ки рекламаро номуносиб мегардонанд, бартараф насозад, истењсолкунандаи реклама њуќуќ дорад, бо тартиби муќарраргардида шартномаро ќатъ намояд ва мутобиќи ќонунгузории амалкунанда љуброни пурраи зарарњоро талаб намояд.
Моддаи 25. Пешнињоди маълумот ба маќомоти њокимияти иљроия

Рекламадињандагон, истењсолкунандагон ва пањнкунандагони реклама бо талаби маќомоти давлатии ваколатдор (маќомоти минтаќавии онњо), ки назорати риояи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама ба зиммаашон гузошта шудааст, ўњдадоранд дар мўњлати муќарраргардида њуљљатњои дуруст ва тавзењотро дар шакли шифоњї ё хаттї, сабтњои видеої ва овозї, инчунин дигар маълумоте, ки барои амалї намудани ваколатњои пешбининамудаи ќонуни мазкур зарур мебошанд, пешнињод намоянд.


Моддаи 26. Пешнињоди оммавї оид ба бастани шартнома дар реклама

Оќибати эътирофи реклама даъват барои бастани шартнома (оферта) ё худ шартномаи оммавї (офертаи оммавї) (пешнињоди оммавї оид ба бастани шартнома барои реклама) буда, тибќи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

Рекламадињанда вазифадор аст мўњлати амали рекламаро, ки барои даъвати шартномакунонї (оферта кардан) хизмат мекунад (агар дар реклама аќаллан яке аз шартњои асосї хабар дода шуда бошад), инчунин рекламањоеро, ки ба њайси шартномањои оммавї (офертањои оммавї) амал мекунанд, нишон дињад.

Агар рекламадињанда баъди бо тартиби муќарраргардида гирифтани аксепти (розигии) шахс, ки офертаи оммавї ба номи ў мебошад, аз бастани шартнома саркашї кунад, ин шахс њуќуќ дорад бо талаби бастани шартнома ва љуброни зараре, ки дар натиљаи беасос рад намудани рекламадињанда аз бастани шартнома расонида шудааст, бо дархост ба суд мурољиат намояд.


БОБИ IV. Назорати давлатї дар соњаи реклама
Моддаи 27. Маќоми ваколатдор дар соњаи реклама

Назорати давлатии риояи ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро дар бораи реклама маќоми ваколатдори давлатї, ки њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд ва раёсатњои минтаќавии он (минбаъд маќоми ваколатдор) амалї менамояд.

Маќоми ваколатдор:

далелњои рекламањои номуносибро, ки аз тарафи шахсони воќеї ва њуќуќї роњ дода мешаванд, пешгирї ва ќатъ мекунад;

ба рекламадињандагон, истењсолкунандагон ва пањнкунандагони реклама амрияи ќатъ намудани вайронкунии ќонунгузорї дар бораи реклама ва ќарори анљом додани аксулрекламаро равон мекунад;

ба маќомоти прокуратура ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ барои баррасии минбаъда оид ба вайронкунии ќонунгузорї дар соњаи реклама мавод ирсол мекунад.

Маќоми ваколатдор њуќуќ дорад, бинобар аз љониби рекламадињандагон, истењсолкунандагон ва пањнкунандагони реклама вайрон кардани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама ва оид ба беэътибор донистани ањдњои бо рекламаи номуносиб алоќаманд ба суд даъво пешнињод кунад.

Маќоми ваколатдор, ки тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар доираи ваколатњои худ вазифаи њифзи њуќуќњои истеъмолкунандагон ва пешгирии раќобати бевиљдононаро анљом медињад, њуќуќ дорад бо рекламадињандагон, пањнкунандагони реклама дар бораи аз љониби онњо риоя кардани ќоидањо ва расмиёти таљрибаи реклама созишнома бандад.


Моддаи 28. Њуќуќи маќомоти худтанзимкунї дар соњаи реклама

Созмонњои љамъиятї (иттињодияњо), ассотсиатсияњо ва иттињодияњои шахсони њуќуќї метавонанд маќомоти худтанзимкунї дар соњаи реклама таъсис дињанд.

Маќомоти худтанзимкунї дар соњаи реклама:

барои иштирок дар тањияи талаботи реклама, лоињањои ќонунњо ва дигар асноди меъёрию њуќуќї љалб карда мешаванд;

экспертизаи мустаќили рекламаро љињати муайян кардани мутобиќати он ба талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама мегузаронанд ва тавсияњои дахлдорро ба рекламадињандагон, истењсол ва пањнкунандагони реклама мефиристанд;

аз љониби маќоми ваколатдори давлатї њангоми амалї намудани назорати риояи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама љалб карда мешаванд.


БОБИ V. Аксулреклама ва масъулият барои рекламаи номуносиб
Моддаи 29. Аксулреклама

Њангоми муќаррар намудани далели вайронкунии ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама вайронкор вазифадор аст дар мўњлати муќаррарнамудаи маќомоти ваколатдор аксулрекламаро анљом дињад.

Њамзамон вайронкор харољоти аксулрекламаро дар њаљми пурра мепардозад.

Њангоми дар мўњлати муќарраргардида аз љониби вайронкор дода нашудани аксулреклама маќоми ваколатдор, ки дар хусуси гузаронидани аксулреклама ќарор ќабул намудааст, њуќуќ дорад дар хусуси ба таври пурра ё ќисман боздоштани рекламањои вайронкор то рўзи ба охир расонидани пањн кардани аксулреклама ќарор ќабул намояд.

Њамзамон маќоме, ки дар хусуси пурра ё ќисман боздоштани рекламањои вайронкор ќарор ќабул намудааст, ўњдадор аст тамоми тарафњои шартномаи бо вайронкор нисбати истењсол, љойгир ва пањнкунии рекламањои басташударо фавран хабардор намояд.

Аксулреклама тавассути њамон воситањои пањнкунанда ва бо истифодаи њамон тавсияњои давомнокї, фазо, љой ва тартибе, ки рекламаи номуносибро рад менамояд, ба анљом расонида мешавад.

Мазмуни аксулреклама бо маќоми ваколатдори давлатї, ки далели вайронкуниро муќаррар ва дар хусуси ислоњи он ќарори дахлдор ќабул намудааст, мувофиќа карда мешавад.

Дар њолатњои алоњида тибќи ќарори маќоми ваколатори давлатї, ки дар хусуси гузаронидани аксулреклама ќарор ќабул намудааст, иваз намудани воситањои пањнкунї, таснифи давомнокї, фазо, љой ва тартиби амалї намудани аксулреклама иљозат дода мешавад.


Моддаи 30. Масъулияти рекламадињандагон, истењсолкунандагон ва пањнкунандагони реклама

Рекламадињанда барои вайрон кардани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама доир ба љойгир намудани маълумот барои ташкили рекламаи пешнињодшаванда масъулият дорад, агар исбот нашуда бошад, ки ќонуншикании мазкур бо айби истењсолкунандаи реклама ё пањнкунандаи реклама ба вуљуд омадааст.

Истењсолкунандаи реклама барои вайрон кардани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама доир ба расмиятдарорї, истењсол ва тањияи реклама масъулият дорад.

Пањнкунандаи реклама барои вайрон кардани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама доир ба ваќт, мањал ва воситањои љойгиронии реклама масъулият дорад.


Моддаи 31. Масъулият барои вайрон кардани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама

Шахсони воќеї ва њуќуќї (рекламадињанда, истењсол ва пањнкунандаи реклама) барои вайрон кардани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон масъулият доранд.

Шахсоне, ки њуќуќ ва манфиатњояшон дар натиљаи рекламаи номуносиб вайрон гардидааст, њуќуќ доранд бо тартиби муќарраргардида, аз љумла љињати љуброни зарари моддї ва маънавї, раддияи шахсии рекламаи номуносиб ба суд мурољиат намоянд.

Барои рекламаи номуносиб ё саркашї кардан аз аксулреклама ё дар мўњлати муќаррарнамуда тибќи талаботи маќоми ваколатдори давлатї пешнињод накардани маълумот ба шакли љарима дар њаљми то 100 нишондињанда барои њисобњо љавобгарии маъмурї муайян карда мешавад (Ќонун аз 06.10.2008с. №445).

Барои рекламаи бардурўѓ, ки бо маќсади гирифтани даромад (фоида) содир карда шудааст ва он ба манфиати давлату љамъият ё ба њуќуќу манфиатњои шањрвандон, ки тибќи ќонун њифз мегарданд,зарар расонидааст, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгарии љиноятї муайян карда мешавад.

Ситонидани љарима бо тартиби судї амалї мегардад, агар пардохти љарима ихтиёран сурат нагирад.

Пардохтиљарима рекламадињанда, истењсол ва пањнкунандаи рекламаро аз иљрои амрия оид ба ќатъи вайрон кардани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи реклама ё аз иљрои ќарори оид ба амалї намудани аксулреклама озод намекунад.

Рекламадињанда, истењсол ва пањнкунандаи реклама њуќуќ дорад бо аризаи даъвогї оид ба эътирофи пурра ва ќисман ѓайрињаќиќии амрия ё ќарори маќоми ваколатдори давлатї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба суд мурољиат намояд.

Пешнињоди аризаи мазкур иљрои амрия ё ќарори маќоми ваколатдори давлатиро боздошта наметавонад, агар аз тарафи суд дар бораи боздоштани иљрои санадњои мазкур њукм содир нашуда бошад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал ќарор додани Ќонуни мазкур

Ќонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал ќарор дода шавад.



Президенти

Љумњурии Тољикистон Э. Рахмонов
ш. Душанбе,

аз 1 августи соли 2003

34


ЗАКОН
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
«О РЕКЛАМЕ»
(в редакции Закона РТ от 13.06.2007г. №276, от 6.10.2008г. №445)



Поделитесь с Вашими друзьями:
  1   2   3


База данных защищена авторским правом ©uverenniy.ru 2019
обратиться к администрации

    Главная страница