Гулнора Аминова, омўзгори гимназияи раќами 1 барои



Скачать 32.87 Kb.
Дата01.10.2019
Размер32.87 Kb.
Гулнора Аминова,

омўзгори гимназияи раќами 1 барои

хонандагони болаёќати шањри Душанбе
Њамнишине бењ аз китоб махоњ
Китоб волотарин дороии маънавии инсоният аст. Дар он мушоњидаву мулоњизаву бардоштњои мардум дар пањнои таърих гирд оварда шудаанд ва аз ин рў, китобро метавон хазинаи хирад, манбаи дониш ва сарчашмаи маърифат номид. Китоб машъали фурўзонест, ки љодањои зиндагии моро мунаввар ва њамагонро ба роњи рост њидоят мекунад. Тамоми дастоварду комёбињои абнои башар бо китоб иртиботи ќавї доранд. Бо китоб њамдамї наљуста, онро амиќ наомўхта, дар зиндагї муваффаќ будан њељ имкон надорад. Њар яки мо аз хурдї бо китоб унс гирифта, онро вараќгардон карда, хату савод мебарорем, чашми хирад ба олам боз мекунем. Китоб минбаъд барои мо аслињае мегардад, ки њастиамонро аз њама гуна нокомиву шикастњо эмин медорад.

Китоб нахустустоди тамоми башарият аст, он хуршеди тавонбахшест дар осмони маърифат. Аз ин љост, ки њама бузургони љањон бо камоли муњаббату самимият ва ихлосу сипос ситоиши ин сарчашмаи илму дониш кардаанду мартабаи онро баланд донистаанд. Чун аз ин хусус меандешем, пеш аз њама, шоњбайти маълуму машњур ва басо муассири Мавлоно Абдурањмони Љомї ба ёд меояд:

Аниси кунљи танњої китоб аст,

Фурўѓи субњи доної китоб аст.

Ањамияти китоб, наќши он дар њаёти кас ва хусусиёти умдатарини ин "њамсўњбати беѓараз" дар ќитъаи зерини шоири мумтози адабиёти классикии тољик Камолиддини Биної ба таври мўъљазу рўшан ва њамчун насињату њидояти пири хирад ифода ёфтааст:

Њамнишине бењ аз китоб махоњ,

Ки мусоњиб бувад гању бегоњ.

Роњатафзои љону роњати дил,

Њар чи дилхоњи туст, аз ў њосил.

Инчунин њамдами латиф кї дид,

Ки на ранља дињад, на ранљонид.

Халќи тољик аз азал китобхону китобофарин будааст ва китоб барои ин халќ дар ќатори муќаддасот љой доштааст. Мардуми мо китобро бо эњтиром њамеша дар пештоќи хона ва низ дар зери болини тифлакон мегузоштанд. Халќе, ки чунин худшинос буваду арљгузорї ба китоб намояд, сазовори волотарин ситоишу тањният аст. Ба ин маънї аллома Муњаммад Иќболи Лоњурї чунин менигорад:

Ман бандаи он ќавм, ки худро донанд,

Њар дам дили худро зи ѓалат бирњонанд.

Аз зоту сифоти хеш созанд китоб,

Фењристи китобро аналњаќ хонанд.

Суду ањамияти китоб барои инсон интињо надорад, зеро неруи он, имконоти он бањри рушди њамаљонибаи инсон бењисоб аст. Одам бидуни алоќа бо китоб Инсон буда наметавонад. Ба ин ваљњ, волотарин ситоишњо китобро –ин манбаи донишро сазост. Ва њама ситоишномаи китобро мунтањо якест, муддао якест: бо китоб анису њамдам бояд буд, ба китоб рўи ниёз бояд овард, пайваста китоб мутолиа бояд кард, то соњибхираду муваффаќ бошем ва дар зиндагї љойгоњу мартабаи шоистаи худро биёбем.

Наќши китоб, ба вижа дар мактаб, дар раванди тањсилот баѓоят бузург аст. Омўзгор бояд њамеша тарѓибгари ањамияту манфиати китоб бошад ва мењри шогирдонашро ба китоб пайваста афзун намояд. Бо ин маќсад аз њар лањзаи мувофиќи дарс бояд пурсамар истифода бурд. Илова бар ин, дар мактаб баргузор намудани њафтаи китоб, љашни китоб, мањфилњо бахшида ба китобњои алоњида ва китобњои тозанашр айни муддаост.

Њамчун як далели дигари барљастаи наќши китоб дар њаёту фаъолияти њар як шахс дар хотимаи ин маќолаи хурд боз њам таъкиде, тафсире дар либоси назм аз орифи бузург Абдурањмони Љомї меоварем:

Хуштар зи китоб дар љањон ёре нест,

Дар ѓамкадаи замона ѓамхоре нест.

Њар лањза аз ў ба гўшаи танњої



Сад роњате њасту њаргиз озоре нест.

Поделитесь с Вашими друзьями:


База данных защищена авторским правом ©uverenniy.ru 2019
обратиться к администрации

    Главная страница